LIVE

Даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон кай доир мешавад?

Лигаи футболи Тоҷикистон сана ва вақти оғози марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 -ро тасдиқ кард. Бино ба қарори Кумитаи баргузории мусобиқаҳои ФФТ, бозиҳои  даври 1/8 ва 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 аз як бозигӣ ва нимфинал - ду бозигӣ (дар хона ва меҳмонӣ) иборатанд. Вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 имсол дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" -и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.Чор бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми миллии Тоҷикистон - "Эсхата" - "Саройкамар", "Регар-ТадАЗ" - "Хатлон", КМВА - "Панҷшер" ва "Ҳулбук" - "Равшан" дар рӯзи 31 июл  баргузор мешаванд. Чор бозии дигар - "Хуҷанд" - "Пахтакор", "Куктош" - "Истаравшан", "Моҳир" - "Файзканд" ва "Истиклол" - "Душанбе" рӯзи якшанбеи 1 август баргузор мешаванд.
Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2021 ҳаққи намояндагӣ кардани кишвари моро дар Ҷоми AFC-2022 ба даст меорад. Агар худи ҳамон даста қаҳрамони (ё ноиби чемпиони) кишвар ва соҳиби Ҷоми миллӣ шавад, пас барандаи медали биринҷии  Чемпионати Тоҷикистон-2021 дар мавсими оянда ҳуқуқи ширкат дар  Ҷоми AFC-ро  пайдо мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив