LIVE

“Истаравшан” ба даври навбатии Ҷоми Тоҷикистон баромад

Рӯзҳои 31-уми июл ва 1-уми август бозиҳои даври 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд ва 8 дастаи лигаи олӣ ба даври ¼ финал роҳ ёфтанд. Тибқи низомнома, бозиҳои 1/8 аз як бозӣ иборат буд. Бозиҳои ¼-финали Ҷоми Тоҷикистон низ аз як бозӣ ва нимфинал аз ду бозӣ (хона-сафар) иборат хоҳад буд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, ҳашт дастаи лигаи олӣ – “Хатлон”, КМВА, “Равшан”, “Эсхата”, “Хуҷанд”, “Файзканд”, “Истаравшан” ва “Истиқлол” муборизаро барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар даври чорякфинал идома медиҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив