LIVE

Силсиланокомиҳои «МЮ» дар хонаи «Вулверхэмптон» идома доранд

Дар бозии хотимабахши даври дуюми ПЛА «Вулверхэмптон» «Манчестер Юнайтед»-ро пазируфт. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Молине» баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Аввалин шуда маҳз меҳмонон ба пеш баромаданд. Антони Марсял аз паси Маркус Рэшфорд тавонист самаранок истифода барад. Дар қисми дуюми бозӣ, бошад шогирдони Нуну Санту бештар дар ҳуҷум қарор доштанд, ки ин ба онҳо суде овард. Рубен Невеш бо зарбаи дарвозакуби худ аз масофаи дур ҳисобро баробар кард. “МЮ” имконияти пирӯзӣ ба даст оварданро дошт, аммо Пол Погба аз пеналтие, ки худ кор карда буд, гол зада натавонист. Дар мавсими гузашта, дастаҳо ду маротиба дар ин варзишгоҳ бо ҳам вохӯрда буданд. Як маротиба дар Ҷоми Англия, як маротибаи дигар дар ПЛА, ва ҳарду дидор ҳам бо ҳисоби 2:1 ба суди “гургҳо” ба поён расидааст. Ҳамин тариқ, пас аз бозгашти худ ба ПЛА Вулверхэмптон давоми 4 бозӣ мешавад, ки ба МЮ боре ҳам бохт накардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив