LIVE

«Реал» бо як зарбаи дақиқ бори 14-ум Лигаи Чемпионҳоро ба даст овард

29-уми май дар варзишгоҳи “Стад де Франс”-и шаҳри Парижи кишвари Фаронса бозии ниҳоии мавсими имсолаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо миёни бошгоҳҳои “Ливерпул” ва “Реал Мадрид” баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба фоидаи дастпарварони Карло Анчелотти анҷом ёфт.
Ягона голи вохӯриро дар қисми дуюми бозӣ ҳамлагари ҷавону умедбахши бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” Винисиус Ҷуниор дар дақиқаи 58-уми бозӣ бо як расиш вориди дарвозаи Алиссон Беккер намуд. Футболбозони “Ливерпул” ҳам фурсатҳои зиёди ба самар расонидани голро доштанд, лек Тибо Куртуа дар хати дарвозаи мадридиҳо хело устувор майдондорӣ кард.
Ҳамин тавр, бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” маротибаи 14-ум ҷоизаи Лигаи қаҳрамонҳоро ба даст овард ,ки ин нишондод то ба ҳол дар ЛЧ беҳмато ва рекорд аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив