LIVE

"Челси" молики нави худро пайдо кард

Гурӯҳе зери  сарварии миллиардер Тодд Боеҳлии амрикоӣ   барои харидани бошгоҳи   футболи  «Челси»  ба мувофиқа расиданд. Нашрияҳо  гузориш доданд, ки ба муноқишаи таърихии музояда хотима гузошта шуд.
Мувофиқи маълумоти Wall Street Journal, созишномаи хариди бошгоҳ  наздики 5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Агар Ҳукумати Британияи Кабир фурӯшро тасдиқ намояд, созишнома эътибори расмӣ пайдо хоҳад кард.
Молики "Челси"  миллиардери рус Роман Абрамович бинобар сабаби таҳримҳо ба таври иҷборӣ бошгоҳро  дар авалҳои моҳи март ба фурӯш гузошт, вале баъди мунҷамид шудани  дороиҳояш аз ҷониби ҳукумати Британия ӯ назорати мустақими тимро аз даст дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив