LIVE

"Челси" дигар чиптаҳои бозиҳояшро фурӯхта наметавонад

Бошгоҳи "Челси"  бинобар ташшримҳои ҳукумати Британияи Кабир нисбати Роман Абрамович наметавонад чиптаи бозиҳояшро фуруӯшад. Ба иттилои манбаъ, танҳо дорандагони "абониментҳо" метавонанд дар бозиҳои хонагии «Челси» иштирок кунанд. Фурӯши чиптаҳо то даме, ки Абрамович клубро нафурӯшад, манъ карда мешавад. Вале кай тоҷири рус метавонад онро фурӯшад, маълум нест, зеро тавре қаблан маълум шуд, «Челси» барои идомаи фаъолияти марбут ба футбол иҷозатномаи махсус гирифтааст, аммо таҳримҳо воқеан фурӯши бошгоҳро манъ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Абрамович рӯзи 26 феврал роҳбарияти бошгоҳро ба мудирияти Фонди хайрияи Челси супурда буд. Рӯзи 2 март ӯ эълон кард, ки нияти фурӯши клубро дорад. Соҳибкори рус мехост аз фурӯши "аристократҳо" 4 миллиард фунт стерлинг (4,84 миллиард евро) ба даст орад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив