LIVE

"Манчестер Юнайтед" Тухел-ро аз "Челси" мерабояд

Сармураббии "Челси" - Томас Тухел метавонад, ки бошгоҳи "Манчестер Юнайтед"-ро ба уҳда бигирад.  "Девҳои сурх" аз ҳолати феълии дастаи лондонӣ истифода намуда, мехоҳанд, ки мутахассиси олмониро ба  Манчестер  даъват созанд. Ба гуфтаи сарчашмаҳои хабарӣ, таҳримот алайҳи молики “Челси” Роман Абрамович метавонад боиси тағйироти ҷиддие дар ҳайати кабутпӯшон гардад. Бо вуҷуди ин, Томас Тухел умедвор аст, ки мушкилоти тими шаҳри Лондон бартараф мешавад ва ӯ дар мақоми худ боқӣ хоҳад монд.  Қаблан маълум шуд, ки ҳукумати Бритониё алайҳи тоҷири рус ва молики "Челси" Роман Абрамович таҳрим ҷорӣ кард ва дороиҳои ӯ, аз ҷумла бошгоҳи футболи Лондон, дучори мушкилӣ гардид. Ба далели ин таҳримҳо "Челси" ҳатто наметавонад билети бозиҳои худро фурӯшад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив