LIVE

Дастоварди таърихии Бензема бар муқобили дастаҳои англисӣ

Ҳамлагари 34-солаи фаронсавии тими «Реал Мадрид» Карим Бензема, ки дар бозии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА бо «Манчестер Сити» (3:4) ду гол зад, қаҳрамони ин мусобиқа шуд. Карим Бензема пас аз хет-трик дар муқобили “Челси” ва дубл дар муқобили “Манчестер Сити”, ӯ дар таърихи Лигаи Чемпионҳо аввалин бозигар шуд, ки дар даври плей-офф дар меҳмонӣ бар муқобили бошгоҳҳои як кишвар дар як мавсим панҷ гол зад. Бензема дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Реал Мадрид” дар тамоми мусобиқот 41 бозӣ анҷом дода, ба задани 41 гол ва 13 партофт даст ёфтааст. Бозии ҷавобии 1/2 ниҳоии мавсими Лигаи Чемпионҳои УЕФА-2021/2022 байни “Реал Мадрид” ва “Манчестер Сити” 4-уми май дар Мадрид баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив