LIVE

Кадом тим ба даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо мебарояд?

Шоми имрӯз бозии ҷавобии даври 1/4 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими солҳои 2021/2022 байни “Реал Мадрид” ва “Челси” сурат мегирад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу»-и Мадрид  баргузор мешавад. Бозиро ҳайати доварони Лаҳистон, таҳти роҳбарии Шимон Марчиняк ҳакаӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал “Реал Мадрид” дар “Стэмфорд Бриҷ” бар “Челси” бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд. Қаҳрамони ин вохӯрӣ ҳуҷумкори мадридиҳо Карим Бензема буд, ки хет-трик кард.
Дар марҳалаи 1/8 ниҳоӣ «Челси» бар «Лилл» (4:1) ғалаба кард ва «Реал Мадрид» аз ПСЖ (3:2) пурқувваттар баромад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив