LIVE

“Реал” ҳеҷ гоҳ дар бозии расмӣ “Челси”-ро шикаст надодааст

“Реал Мадрид” дар даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо бо “Челси” бозӣ мекунад. Тибқи омори мавҷуда бошгоҳи шоҳона ҳеҷ гоҳ дар бозии расмӣ “Челси”-ро мағлуб накардааст. Дар майдонҳои сатҳи аврупоӣ “Челси” ва “Реал” танҳо се маротиба рӯ ба рӯи ҳамдигар қарор гирифтаанд.  Дар ду вохӯрӣ “Челси” пирӯз шудааст ва як дидори дигар бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфтааст. 
Бозии аввали даври нимниҳоӣ бояд рӯзи 27-уми апрел дар Мадрид баргузор шавад. Бозии ҷавобӣ санаи 4-уми май дар варзишгоҳи "Стэмфорд Бридж"-и Лондон доир мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив