LIVE

Ин шом тамоми Ливерпул мухлиси "Челси" мешавад

Бошгои футболи “Челси” даври навбатии Чемпионати Англияро дар мавқеи чаҳорум ва дар майдони худ оғоз мекунад. “Боқӣ монадан дар мавқеи Лигаи чемпионҳо” -ҳамин аст, мақсади асосии “кабутпӯшон”. Пас аз эҳёи мавсим, “Челси” ба мухлисони худ имкони хафа шуданро намедиҳад: бозии охирин бар муқобили “Астон Вилла” дар Бирмингем бо ғалабаи   меҳмонон анҷом ёфт,  гарчанде, ки соҳибони майдон бояд бохташонро ҷуброн мекарданд. 
“Манчестер Сити” дар мавсими имсола ноком шуд ва унвони чемпиониро ҳимоя накард, аммо мавқеи дуввумро шогирдони Пеп Гвардиола ба касе намедиҳад.  Зеро пас аз тими мураббии испанӣ аввал бар “Арсенал” ғалабаи калон намуда, сипас “Бёрнли”-ро торумор намуд. 
“Челси” ва “МС” байни худ 160 бозӣ баргузор карданд, ки дар онҳо “Челси” 63 ғалаба ба даст оварда, 57 бор мағлуб шудааст ва 40 вохӯрии дигар ба ҳисоби мусовӣ хотима ёфтааст. Дар сурате, ки  “Челси” ғалаба кунад, он вақт дар Ливерпул тӯй мешавад, зеро дастаи шаҳри онҳо бо гузашти 30 сол қаҳрамони футболи Англия мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив