LIVE

“Реал” боз “Челси”-ро мағлуб карда натавонист

Дар бозии аввали даври ½ ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо “Реал Мадрид” дастаи “Челси”-и шаҳри Лондонро дар майдони “Алфредо Ди Стефано” – и шаҳри Мадрид пазируфт. Бозии мазкур бо ҳисоби 1-1 хотима ёфт. Бозиро ҳайати доварон аз кишвари Ҳолланд бо роҳбарии Данни Маккели доварӣ намуданд.
Ҳисобро дар дақиқаи 14-ум “ашрофзодагон” кушоданд. Кристиан Пулишич муаллифи голи мазкур гардид. Дар дақиқаи 29-ум бошад, Карим Бензема ҳисобро баробар намуд. Голи Бензема охирин голи ин дидор гардида, бо тамом шудани вақти бозӣ ва ҳуштаки довар, бозӣ мусовӣ 1-1 анҷом ёфт. Ба ҳамин тариқ, бори дигар “Реал Мадрид” натавонист дар таърихи худ бар “Челси” дар бозиҳои расмӣ зафар ёбад. “Бошгоҳи шоҳона” бо “ашрофзодагон” ду бозиро дар Ҷоми ҷомҳо соли 1971 гузаронида буд, ки яке аз он ду мусовӣ (1-1) ва дигар бозӣ бошад ба суди “Челси” (2-1) анҷом ёфта буд. Инчунин, дастаҳо бори дигар дар Суперҷоми Аврупо дар соли 1998 дидор карда буданд, ки дар он “Челси” бо ҳисоби 1-0 пирӯз гашта буд.
Бозии ҷавобии ин давр, рӯзи 5-уми май дар майдони “Стэмфорд Бридж”-и шаҳри Лондон сурат мегирад. Тақдири ин дастаро ин дидор ҳал хоҳад кард.
Хотиррасон менамоем, ки бозии дигари даври нимниҳоии имсолаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо миёни дастаҳои “Менчестер Сити” ва “ПСЖ” шоми имрӯз сурат гирифта, бозии ҷавобиашон 4 май баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив