LIVE

Жиру ба Челси пирӯзӣ овард

Дар доираи бозиҳои якуми даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо   дастаи "Челси" "Атлетико Мадрид"-ро  шикаст дод.   Дар қисми якуми вохӯрӣ   ҳарду ҷониб   натавонистанд ҳисобро кушоянд. Танҳо дар дақиқаи  68-ум  ҳамлагари   "Челси"   Оливйе Жиру  бо як маҳорати баланд  тӯбро дохили дарвоза гардонд. Сараввал довар онро ба қайд нагирифт. Вале пас аз тамошои наворҳои такрорӣ  гол ҳисоб карда шуд.  Бо ҳамин рақобати мазкур бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди "Челси" хотима  ёфт.  Бозии ҷавобии дастаҳо  17 март дар Лондон сурат мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив