LIVE

"Барселона" бидуни Месси бар "Эйбар" ғалаба карда натавонист

Бошгоҳи "Барселона" дар доираи бозиҳои даври   16-уми Ла Лигаи Испания  дар майдони худ тими "Эйбар"-ро пазируфт.  Дар дақиқаи 8-ум  мизбонон имконияти хуби кушодани ҳисобро доштанд, вале Мартин Брайтвайт аз он   истифода бурда натавонист.  Дар дақиқаи 27-ум Мартин тӯбро дохили дарвозаи ҳарифон намуд. Вале довар пас аз тамошои наворҳои такрорӣ  онро ба қайд нагирифт.  Дар қисмати дуюми бозӣ, дар дақиқаи 57-ум Кике  меҳмононро ба пеш баровард.  Аммо баскҳо натавонистанд, бартариро ба даст гиранд. Бо гузашти 10 дақиқа   Усмон Дембеле  таносубро барқарор сохт. Бо ҳисоби мусовии 1 бар 1  бозӣ хотима ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив