LIVE

Роналду ба "Ювентус" ғалаба оварда натавонист

          Дар шаҳри  Турин дар варзишгоҳи «Алянтс – Ювентус» дастаҳои "Ювентус" ва "Фиорентина"  бозии даври 14-уми чемпионати Италияро баргузор каранд.  Дар лаҳзаҳои аввали  майдондорӣ  Душан Влахович меҳмононро   ба пеш баровард.   Дар дақиқаи 18-ум   туриниҳо  10 нафара бозиро идома доданд.  Хуан Куадрадо бинобар рафтори дағалона аз бозӣ ронда шуд.  Дар дақиқаи 76-ум  Алекс Сандро   ғайричашмдошт тӯбро дохили дарвозаи худ намуда, бартарии ҳарифонро дучанд сохт.  Дар дақиқаи 81-ум Мартин Касерес  голи охирини рақобатро вориди  дарвозаи  "Ювентус" намуд. Бо ҳисоби 3 бар 0 ин вохӯрӣ ба фоидаи  "Фиорентина"  ба анҷом расид. Дар бозии дигари  давр   дастаи "Кротоне" тими "Парма"-ро   шикаст дод. Ҳамин тавр "Ювентус" ба аввалин шикасти худ дар мавсим  дучор шуда, бо дарёфти  24 имтиёз    дар мақоми чорум  ҷой дорад.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив