LIVE

Ғалабаи "Каляри" бар "Ювентус"

Дар бозии даври 37-уми Серияи А-и Италия "Каляри" бар "Ювентус" ғалаба кард. Вохӯрӣ дар майдони Каляри баргузор шуд ва бо ҳисоби 2-0 ба суди мизбонон хотима ёфт. Тӯби аввалро Лука Галлиано дар дақиқаи 8-уми бозӣ вориди дарвозаи Буффон сохт. Дар дақиқаи иловагии пайти аввали бозӣ  Ҷованни Симеоне шумораи голҳои дастаи "Каляри"-ро ба ду расонид. Ҳамлагари "Ювентус" - Криштиану Роналду тамоми бозӣ дар майдон буд, аммо ба задани гол даст наёфт.  “Ювентус”  соҳиби 83 хол аст ва  аллакай унвони чемпиониро ба даст овардааст. “Каляри” бо 45 имтиёз мақоми 13-умро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив