LIVE

«Юве» ва «Интер» бидуни мухлис бозӣ карданд

Дар дидори даври 26-уми Чемпионати Италия «Ювентус» бар рақиби худ «Интер» бо ҳисоби 2:0 ғалаба намуд. Бозӣ дар Турин сурат гирифта, дар он мухлисон ба варзишгоҳ роҳ дода нашуданд. Ин иқдом бо мақсади пешгирӣ аз хурӯҷи коронавирус дар Италия маҳсуб мешавад. Ҳисоб дар дақиқаи 54-уми дидор аз ҷониби ниммуҳофизатгар - Аарон Рэмзи боз шуд. Рэмзи баъд аз партофти Криштиану Роналду тӯбро вориди дарвозаи миланиҳо сохт. 
Дар дақиқаи 67-уми дидор бошад, Пауло Дибала маротибаи дуюм тӯбро вориди тӯри дарвозаи «Интер» сохт.
«Ювентус» бо 63 хол дубора ба зинаи аввали ҷадвали умумии чемпионати Италия баромад. «Интер» бошад, 54 имтиёз дорад ва зинаи 3-юмро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив