LIVE

Бензема номзади асосӣ барои “Тӯби тиллоӣ”

Ба иттилои сомонаи маъруфи Goal, ҳамлагари фаронсавии тими “Реал Мадрид” Карим Бензема дар мубориза барои “Тӯби тиллоӣ” довталаби асосӣ маҳсуб мешавад. 
Дар ҷойи дуюм ҳамлагари - Роберт Левандовски «Бавария» мебошад, ки дар раддабандии қаблӣ дар ҷои аввал буд. Ба даҳгонаи беҳтарин инчунин Муҳаммад Салоҳ «Ливерпул», Килиан Мбаппе «ПСЖ», Лука Модрич «Реал», Садио Мане «Ливерпуль», Кевин де Брюйне «Манчестер Сити», Винисиус «Реал Мадрид», Фил Фоден «Манчестер Сити» ва Трент Александр-Арнолд дохиланд.
Ёдовар мешавем, ки Мадрид дар даври 1/4 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар меҳмонӣ бар «Челси» бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, Карим хет-трик кард. Шумораи голҳои Бензема дар Лигаи Чемпионҳо ба 82 адад расидааст. Ҳамлагари 34-сола дар таърихи мусобиқот чаҳорумин бозигар шуд, ки аз 80 гол бештар задааст. 
Карим Бензема шонси бештари ба даст овардани ин ҷойзар дорад, зеро ӯ имсол бо дастааш имкони дарёфти қаҳрамонӣ дар Ла–Лигаро пайдо кардааст ва ҳамзамон дар Лигаи Чемпионҳо бозии натиҷабахш нишон медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив