LIVE

Фаворити Роналдо барои "Тӯби тиллоӣ" кист?

Собиқ ҳамлагари  “Реал” ва соҳиби “Валядолид” Роналдо изҳори назар кард, ки ҳамлагари "Реал Мадрид" Карим Бензема бояд соҳиби “Тӯби тиллоӣ” шавад.

"Албатта, номзади ман барои гирифтани "Тӯби тиллоӣ" Бензема аст. Беҳтарин ҳамлагар, ки даҳ сол дар сатҳи бебаҳо бозӣ кардааст. Чемпиони ҳақиқӣ», - навиштааст Роналдо дар саҳифаи худ дар Инстаграм.

Пештар France Football рӯйхати 30 довталаби "Тӯби тиллоӣ"-ро нашр кард. Ба он дохил мешаванд: Николо Барелла (Интер), Карим Бензема ("Реал"), Леонардо Бонуччи ("Ювентус"), Кевин де Брюйне ("Манчестер Сити"), Ҷорҷио Келлини ("Ювентус"), Криштиану Роналду ("Манчестер Юнайтед"), Рубен Диаш ("Манчестер Сити"), Ҷанлуиҷи Доннарумма (ПСЖ), Бруно Фернандеш («Манчестер Юнайтед»), Фил Фоден («Манчестер Сити»), Эрлинг Ҳоланд (Боруссия Д), Жоргинйо («Челси»), Ҳарри Кейн («Тоттенхэм»), Н'Голо Канте («Челси»), Симон Кир («Милан») ), Сезар Аспиликуэта (Челси), Роберт Левандовски (Бавария), Ромелу Лукаку (Челси), Рияд Марез (Манчестер Сити), Лаутаро Мартинес (Интер), Килиан Мбаппе (ПСЖ), Лионел Месси (ПСЖ), Лука Модрич (Реал), Жерар Морено (Вилярреал), Мейсон Маунт (Челси), Неймар (ПСЖ), Педри (Барселона), Муҳаммад Салоҳ (Ливерпул), Раҳим Стерлинг (Манчестер Сити) ва Луис Суарес (Атлетико).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив