LIVE

Кроос: Месси сазовори "Тӯби тиллоӣ" набуд

Нимҳимоятгари тими “Реал Мадрид” - Тони Кроос дар бораи гирифтани “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2021, ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси гуфт.
“Ба мукофотҳои инфиродӣ ман чандон таваҷҷӯҳ надорам, аммо азбаски онҳо вуҷуд доранд, бояд одилона бошанд. Ба назари ман, ин дафъа ин тавр набуд. Агар мо бозигарро аз рӯи натиҷаи ҳунарнамоиаш давоми як сол баҳо диҳем Бензема беҳтарин мавсим дошт..
Шубҳае нест, ки Месси дар баробари Роналду беҳтарин бозигари даҳсола аст, аммо ба андешаи ман, Криштиану ҳам аз Лео ҳунари кам надорад. 
Ёдовар мешавем, ки Карим Бензема дар раъйдиҳӣ барои дарёфти “Тӯби тиллоӣ” ҷои чаҳорумро касб кард. Ҷойи дуввум насиби Роберт Левандовски аз "Бавария" гардид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив