LIVE

Почеттино: “Тӯби тиллоӣ”-ро ба Месси медодам, Левандовски бояд дуюм шавад

Сармураббии дастаи “Пари Сен-Жермен” - Маурисио Почеттино ба саволи ба кӣ додани “Тӯби тиллоӣ” посух дод.
"Тӯби тиллоӣ”-ро ба кӣ медодам? ба Месси. Ва агар Мессиро тамрин намедодам, боз ҳам ӯро интихоб мекардам. Шубҳае нест. Левандовски бояд дуввум ва Криштиану сеюм шаванд. Роналду як бозигари бузург аст ва ҳар сол ӯ худро дар сатҳи баланд нишон медиҳад, ҳавас  ва муҳаббате, ки ба футбол дорад дар дигар кам мушоҳида мешавад", - гуфтааст Почеттино.
Ёдовар мешавем, ки 10-уми август Месси бо ПСЖ шартномаи дусола баст. Созишнома имкони тамдиди як мавсимро дар бар мегирад. Рӯзи 5-уми август “Барселона” эълон кард, ки созишномаи худро бо Месси тамдид намекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив