LIVE

Чӣ гуна 30 000 мухлиси олмонӣ ба бозии "Барселона"-"Айнтрахт" роҳ ёфт?

«Барселона» барои фаҳмидани он ки чӣ гуна 30 000 мухлиси «Айнтрахт» ҳангоми бозии чорякфиналии Лигаи Аврупо вориди варзишгоҳ шуд, тафтишоти дохилиро оғоз кард.

Ба иттилои манбаъ, «Барселона» ба мухлисони бошгоҳи олмонӣ расман 5000 чипта додааст. Боқимондаҳо, ба эҳтимоли зиёд, бо кӯмаки туроператорҳо ба варзишгоҳ омаданд.

Қайд карда мешавад, ки худи «Барселона» низ фурӯши чиптаҳоро ба мухлисони «Айнтрахт»  дер манъ кардааст.

Илова бар ин, мухлисони бошгоҳи олмонӣ бо ёрии испаниҳое, ки аз касса чипта харида, онҳоро ба олмониҳо фурӯхтаанд, вориди варзишгоҳ шуданд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ба нишони эътироз мухлисони каталонӣ ҳангоми танаффус ҷойи худро тарк карда, 10-20 дақиқа пас аз оғози нимаи дуввум баргаштанд. Дар ин бозӣ ҳудуди 30 ҳазор мухлиси бошгоҳи олмонӣ ҳузур дошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив