LIVE

Мухлисони Бундеслигаи сеюм кулли ҷаҳони футболро тасхир карданд

Мухлисони «Динамо»-и Дрезден  72 ҳазор чипта ба варзишгоҳи холӣ харидорӣ намуданд ва дастаашонро бо пул ниҳоят зебо  дастгирӣ намуданд. Чунин шумораи чиптаҳо ду маротиба бештар аз ғунҷоиши умумии варзишгоҳ мебошад. 
«Динамо»-и Дрезден – бошгоҳест дорои вафодортарин мухлисон дар Олмон ва минбаъд эҳтимолан ба бозии  дастаи таърихан асосии Олмони Шарқӣ ҳама вақт хоҳанд рафт ва ҳатто агар  «Динамо» ба лигаи ҳаваскорона ҳам поин шавад.
Айни ҳол саксониҳое,ки замоне аз барояшон Станислав Черчесов арақи ҷабин мерехт (боақлона иштибоҳ ҳам мекард) дар Бундеслигаи сеюм дар мавқеи аввал бо рақибон дар мубориза аст.  Ба бозии ҷом бо дастаи «Дармштадт» бошад дастаи «Динамо»-и Дрезден чун тими миёнаҳоли Бундеслига   72 ҳазор чипта фурӯхт.



Аммо кулли онҳо дар куҷоянд?
Бале – дар варзишгоҳ  мухлисон набуданд. Умуман касе набуд.  




Илова бар ин «Рудолф-Харбиг-штадион» ғунҷоиши ... 32 ҳазора дорад. Диққатҷалбкунанда аст!
Дрездениҳо ба хотири мушкилоти молиявӣ ҳар як чиптаро дар доираи тахфифи «30+ ҳазор балоҳо дар варзишгоҳ» фурӯхтанд ва мухлисон ҳам ба ин тахфиф таваҷҷуҳ карданд. Даста бошад онҳоро изҳори ташаккур намуд, ҳарчанд, ки (0:3) ҳам бохта буд.  


Ҳамчунин бояд қайд намуд,ки дар варзишгоҳ зиёда аз 30 ҳазор пуфакҳои ҳавоӣ ба чашм мерасиданд – чӣ тавре дар сафи   «Динамо» ба таври хосса аниқ карданд, пуфакҳо ба таври махсус омода карда шуданд. Ҳамчунин  «Дармштадт» низ саҳми худро гузошт – онҳо низ дар минбари нишасти меҳмонон якчанд чиптаҳоро харидорӣ намуданд.  
«Динамо» дар мавсими ҷорӣ фурсат пайдо намуд,ки танҳо ду бозиро бо мухлисон гузаронад (ва баъдан ба хотири маҳдудиятҳои пандемиявӣ мухлисон ба варзишгоҳ роҳ дода нашуданд) – ва ҳардуи мавридҳо дар асоси иҷозатномаи муайяншуда варзишгоҳ  10  ҳазор мухлис сарҷамъ карда буд. Ва ин ҳам дар Бундеслигаи сеюм!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив