LIVE

Шикасти Тоҷикистон аз Уганда дар «Ҷоми Наврӯз-2022»

Дар Намангони кишвари Ӯзбекистон мусобиқоти байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» бо иштироки чор дастаи мунтахаб  оғоз ёфт.
Дар бозии нахуст мунтахаби Тоҷикистон бо  мунтахаби Уганда вориди майдон шуда, вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 8-уми дидор Эммануэл Арнолд Окви боз намуд.  Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 39-уми вохӯрӣ таносубро барқарор намуд.  Баҳри муайян кардани ғолиб дастаҳо пас аз бозии бидуни гол дар 30 дақиқаи иловашуда ба задани силсилазарбаҳои пеналтӣ пардохтанд, ки онҷо мунтахаби миллии мо аз яккачини Уганда бо ҳисоби 4:5 дучори шикаст шуд. 
Дар бозии дигари даври 1/2 ниҳоии мусобиқот мунтахабҳои  збекистон бар тими миллии Қирғизистон ғалаба кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив