LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон тамринҳояшро дар Намангон доир намуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Наврӯз-2022”  дар Намангон нахустин тамрини худро анҷом дод.

Машқҳо дар варзишгоҳи «Динамо» гузашт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати комил дар Намангон ҷамъ омада, ҳамаи ҳашт легионер ба даста шомил шуданд. Холо дар хайат 25 нафар бозингарон хастанд.

Қобили зикр аст, ки дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Уганда бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ рӯзи  25 март дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор шуда, соати 15:30 оғоз мешавад. Дар бозии дигари даври 1/2 ниҳоии мусобиқот тимҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамон рӯз вомехӯранд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар даври ниҳоии мусобиқот ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи севум бозӣ хоҳанд кард. Ташкилкунандаи Ҷоми Наврӯз-2022 Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив