LIVE

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро Петр Сегрт эълон кард

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Петр Сегрт рӯйхати бозигаронеро, ки барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон даъват шудаанд, нашр кард.

Дар маҷмуъ, дар рӯйхати Сегрт 25 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба мусобиқаи Ҷоми Наврӯз-2022, ки аз 25 то 29-уми март дар Намангон доир мешавад, 19-уми март дар Гулистон оғоз мекунад. Рӯзи 22 март ҳайати тими миллии Тоҷикистон озими Намангон мешавад.

Бояд гуфт, ки дар даври ниманиҳоии Ҷоми Наврӯз-2022 тими Тоҷикистон бо тими Уганда бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ 25 март дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад. Дар бозии дигари даври 1/2 ниҳоии мусобиқот тимҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон  вомехӯранд.

 Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Персеполис»-и Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама - «Истиқлол»), Фирдавс Чакалов («Хуҷанд»), Меҳрубон Каримов («Динамо», Душанбе);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив Пловдив», Булғористон), «Эҳсони Панҷшанбе» («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов («АГМК», Ӯзбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Ислом Зоиров, Шервони Мабатшоев (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов (Хуҷанд), Алиҷони Аҷинӣ («Регар-ТадАЗ»), Фатҳулло Олимзода («Динамо», Душанбе);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сармураббӣ - Петр Сегрт (Хорватия).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив