LIVE

Петр Сегрт сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон

Мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрти сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дастаи мунтахаби кишварро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14 июн, омода мекунад.
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки имрӯз, 27 январ баргузор шуд, як қатор масъалаҳо баррасӣ шуданд, ки яке аз онҳо тасдиқи сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд. 
Мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрт, ки мураббии УЕФА дорандаи дараҷаи Pro дорад, сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъин шуд. 
Петр Сегрт 8 майи соли 1966 дар Хорватия ба дунё омадааст, вале аз хурдӣ дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ҳамчун футболбоз дар бошгоҳҳои ҳаваскорони Олмон бозӣ кардааст, ки дар онҳо фаъолияти мураббии худро низ оғоз кардааст. Мутахассис муддати тӯлонӣ бо бозигарони ҷавон бомуваффақият кор кардааст. 
Соли 2006 дар Гурҷистон дастаи ҷавонони ин кишварро роҳбарӣ кард. Баъди рафтани ҳамватанаш дар ду бозӣ Петр Сегрт ба ҳайси сармураббии тими миллии Гурҷистон баромад кард. Пас аз тарк кардани Гурҷистон, Шегрт чанд сол дар клубҳои Индонезия - Бали Девата ва ПСМ Макассар кор кард. Мутахассиси хорватӣ тими миллии Афғонистонро дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 раҳбарӣ мекард. Соли 2018 ӯ тими Молдивро роҳбарӣ карда, бо он ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 гардид.
Фардо, 28 январ дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба ҳайси сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мекунад. Оғоз соати 11:00. Мо намояндагони ВАО-ро барои инъикоси чорабинӣ даъват мекунем.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив