LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Наврӯз ширкат мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022», ки аз 25 то 29 март дар Намангон баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар Ҷоми Наврӯз-2022 чаҳор тими миллӣ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Уганда ширкат хоҳанд кард. Дар даври 1/2 ниҳоии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 25-уми март бо тими миллии Уганда бозӣ мекунад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ ҳамон рӯз дастаҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон вомехӯранд. Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар даври ниҳоии Ҷоми Наврӯз-2022 ва мағлубшудаҳо дар бозӣ барои ҷойи севум рақобат мекунанд. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд. Ташкилкунандаи Ҷоми Наврӯз-2022 Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон мебошад.

 Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»

Нимфинал

25 март (ҷумъа)

16:00 — Уганда — ТОҶИКИСТОН

20:00 — Ӯзбекистон — Қирғизистон

 

29 март (сешанбе)

16-00 — Бозӣ барои ҷойи сеюм

20-00 — Финал

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив