LIVE

Тоҷикистон аввалин бозии худро дар «Ҷоми Наврӯз-2022» доир мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз бозии ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» тамрини ниҳоии худро барои бозӣ бо тими миллии Уганда анҷом дод.
Тамрини охирини тими миллии кишвар таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар варзишгоҳи «Динамо»-и Намангон сурат гирифт ва расо як соат идома кард. Ҳамлагари «Мактаарал»-и Қазоқистон Шериддин Бобоев, ки як рӯз пеш осеб бардошта буд, дар вохӯрӣ бо тими миллии Уганда иштирок намекунад.
Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии Намангон бозиҳои ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Наврӯз-2022 баргузор мешаванд. Дидори дастаҳои мунтахаби Уганда ва Тоҷикистон соати 15:30 оғоз мешавад. 
Ғолибони бозии аввал дар даври ниҳоии мусобиқот ва мағлубшудагон барои ҷойи севум бозӣ хоҳанд кард. Ташкилкунандаи Ҷоми Наврӯз-2022 Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив