LIVE

Роналду бори аввал дар 16 соли охир бидуни ҷоиза монд

Дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА «Манчестер Юнайтед» дар майдони худ «Атлетико»-ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Олд Траффорд» баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи Испания бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Ҳамин тариқ, Юнайтед имкони ба даст овардани ҷоиза дар тамоми мусобиқаҳоро аз даст дод. «Манчестер Юнайтет» бо фарқияти  20 имтиёз дар Премйер-Лига аз «Манчестер Сити» ақиб мемонад. Роналду аз соли 2006 инҷониб бори аввал соҳиби ҷоиза шуда наметавонад. Ин ҳамлагар дар мавсимҳои қаблӣ бо дастаҳои собиқи худ “Реал Мадрид” ва “Ювентус”  давоми 16 мавсим ҳамеша соҳиби ҷоиза мегардид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив