LIVE

«Атлетико» ба даври 1/4 ниҳоии Лигаи чемпионҳо баромад

Дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА «Манчестер Юнайтед» дар майдони худ «Атлетико Мадрид»-ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Олд Траффорд» баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи Испания бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 41-уми вохӯрӣ голи ягонаро ҳимоятгари «Атлетико» Ренан Лоди ба самар расонд. Вохурии якуми дастаҳо бо хисоби 1:1 хатм шуда буд. Ҳамин тариқ, «Атлетико» ба даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт ва «Манчестер Юнайтед» баромади худро дар ин мусобиқа ба охир расонид. Ғолиби феълии мусобиқа «Челси» мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив