LIVE

Шикасти мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U18) аз Эрон

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Душанбе миёни дастаҳои занонаи ҷавонони то 18-сола 13-уми март бозиҳои даври дуввум баргузор шуданд.
Тими ҷавонони Эрон ба дарвозаи тими Тоҷикистон ёздаҳ голи беҷавоб заданд. Дар бозии дигар  дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Ӯзбекистон имтиёзҳоро тақсим намуданд – 1:1. Баъди ду даври бозӣ тими Эрон бо касби шаш имтиёз дар ҷадвали мусобиқа  пешсаф аст. Дастаи Қирғизистон бо чор хол дар зинаи дуюм қарор дорад. Мунтахаби Ӯзбекистон зинаи сеюмро ихтиёр кардааст. Дастаи занонаи Тоҷикистон то ҳол хол ба даст наовардааст.

Бозиҳои даври ниҳоӣ 15 март баргузор мешаванд. Дар ин рӯз бозиҳои Эрон – Қирғизистон (14:00) ва Тоҷикистон – Ӯзбекистон (17:00) баргузор мешаванд.

Даври 2
Эрон — ТОҶИКИСТОН — 11:0

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив