LIVE

Имрӯз CAFA-2022 миёни дастаҳои занона оғоз мешавад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои занонаи ҷавонони то 18-сола оғоз мешавад.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занонаи ҷавонони то 18-сола аз 11 то 15 март аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дар маҷмӯъ шаш бозӣ баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа 11 март, ду бозӣ баргузор мешавад.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1

11 март (ҷумъа)

14-00 — Ӯзбекистон — Эрон

17-00 — ТОҶИКИСТОН — Қирғизистон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив