LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон (U-19) дар CAFA-2022 иштирок мекунад

Дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-19) дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 12 то 19 феврал дар Бишкек баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола панҷ даста – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат мекунанд. Тибқи низомнома мусобиқот аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад ва дар он ҳар як даста чаҳор бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Газпром»-и Бишкек баргузор мегарданд.

Мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ тими ҷавонони футзали Тоҷикистонро ба мусобиқаи CAFA-2022 омода мекунад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба чемпионати CAFA-2022 бо дастаҳои «Соро Компания» (6:8), Бонки миллӣ (3:3) ва «Рахш-Такси» (1:5) се бозии санҷишӣ анҷом дод.

Бо дархости мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои ширкат дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдон шомил шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 9 феврал тавассути транзити  Алмаато озими Бишкек мешавад.

 Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои ширкат дар чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал:

Дарвозабонҳо: Самариддин Шамсов (Бонки миллӣ), Муродҷон Муродов (бе бошгоҳ);

Бозигарони майдон: Сӯҳроб Сафаров, Сабзалӣ Ҳамроев, Муҳаммад Аҳмадов, Саидисроил Саидов, Умед Назризода, Муҳаммад Муҳаммадзода, Ҳайдар Сатторов (ҳама – «Барқчӣ»), Муҳаммадикбол Абдуллоев, Бекмурод Ҳайитов (ҳарду – «Истиқлол»), Мусаяб Ҳақназар («Регар»), Ҷовидон Хушвахтов (РШВСМ), Некруз Салимзода («Равшан»).

Сармураббӣ - Мустафо Афшорӣ (Эрон).

Даври 1

12 феврал (шанбе)

15:00 — Ӯзбекистон — ТОҶИКИСТОН

18:00 — Эрон — Афғонистон 

Даври 2

13 феврал (якшанбе)

15-00 — ТОҶИКИСТОН — Эрон

18-00 — Қирғизистон — Афғонистон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив