LIVE

Мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон ғолиби чемпионати CAFA-2021

Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни занони то 20-сола, ки аз 11 то 17 июн баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мунтахаби Ӯзбакистон дар Душанбе ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа дастаҳои занонаи ҷавонон аз Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат варзиданд. Мувофиқи натиҷаҳои чемпионати CAFA-2021 якбора ду даста - мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Эрон баробар - 10 хол ба даст оварданд. Аммо футболбозони Ӯзбекистон аз ҳисоби таносуби тӯбҳо дар ҷои аввал қарор гирифтанд. Медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2021 насиби мунтахаби Қирғизистон гардид, ки дар чор бозии худ 6 имтиёз дорад. Дастаи мунтахаби занонаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Илдар Раҳманов дар ҳамаи чор бозӣ аз тимҳои Эрон (0:3) Афғонистон (0: 1), Қирғизистон (0: 1) ва Ӯзбакистон (1: 7), ниҳоят, шикаст хурда, дар ҷои охирин қарор гирифт.
Котиби генералии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷуразода ва дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов дар маросими пӯшидашавии чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои занони ҷавонони то 20-сола ширкат варзиданд.
Беҳтарин нишонзани чемпионати CAFA-2021 Жасмина Абдуганиева (Ӯзбакистон) гардид, ки 7 гол зад. Ва ҷоизаи муфидтарин бозигари мусобиқа ба ҳамлагари тими миллии Эрон Негин Занди Даре Ғарибӣ дода шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив