LIVE

Тоҷикистон дар Чемпионати АФОМ миёни бонувон ҷои сеюмро ишғол кард

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) бо роҳбарии сармураббӣ Тоҷиддин Наботов дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ҷои сеюмро ишғол карда, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардид. Чемпионат 22-28 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бо иштироки шаш дастаи минтақа баргузор шуд.
Футболбоздухтарони мо дар доираи Чемпионати CAFA-2019 5 бозӣ анҷом дода, дар ду бозӣ ғалаба намуданд (Афғонистон – 5:1, Туркманистон – 2:0), як бозиро мусовӣ (Қирғизистон – 0:0) ва ду бозиро бохтанд (Эрон – 0:4, Ӯзбекистон – 0:3).
Дастаи мунтахаби бонувони Ӯзбекистон бо 15 хол ғолиби «CAFA U-23 Women’s Championship» гардид. Медалҳои нуқра бо 12 хол насиби тими бонувони Эрон шуд.
Ҷоизаи «Fair Play»-ро дастаи мунтахаби бонувони Афғонистон ба даст овард, ҷоизаи махсус ба тими Туркманистон насиб гардид. Беҳтарин нишонзани Чемпионати CAFA-2019 Ҳоҷар Даббоғӣ аз тими Эрон дониста шуд, ки ба дарвозаи ҳарифон 8 тӯб ворид кардааст. Ҷоизаи беҳтарин бозингари мусобиқа ба Умеда Зоирова (Ӯзбекистон) тақдим шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имсол дар Тоҷикистон се мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ доир гашт. Дар баробари Чемпионати CAFA-2019 миёни бонувон, дар кишвари мо мусобиқот миёни наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19) дар сатҳи баланд баргузор шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив