LIVE

Дар Душанбе CAFA-2021 миёни мунтахабҳои занона (U-20) доир мешавад

Аз 11 то 17 июн дар Душанбе Таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мусобиқаи CAFA-2021 байни дастаҳои бонувони то 20-сола баргузор мешавад. Дар мусобиқот  мунтахабҳои  Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат меварзанд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи Чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои занонаи ҷавонони то 20-сола 10 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи миқдори зиёди холҳои бадастомада муайян карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив