LIVE

Тоҷикистон мизбони боз як мусобиқаи байналмилалӣ

Тоҷикистон боз як мусобиқаи байналмилалии футболро мизбонӣ мекунад. Аз 17 то 24 ноябр дар шаҳри Душанбе чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 15-сола баргузор мешавад. 
Дар чемпионати CAFA-2021 миёни наврасони то 15-сола дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро (U-15) ба ин мусобиқа сармураббӣ Зайниддин Раҳимов омода мекунад.
Дар доираи чемпионат дар маҷмуъ 6 бозӣ баргузор мешавад. Ҳама бозиҳо бо тамошобинон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Давомнокии бозӣ 90 дақиқа аст.

Тибқи низомнома, чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

 

CAFA-2021 (U-15)

Иштироккунандагон: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Ӯзбекистон, Кирғизистон.

Даври 1

19 ноябр (ҷумъа)

12-00 — Ӯзбекистон — Эрон

15-00 — ТОҶИКИСТОН — Кирғизистон

 

Даври 2

21 ноябр (якшанбе)

12-00 — Кирғизистон — Ӯзбекистон

15-00 — «Эрон — ТОҶИКИСТОН».

 

Даври 3

23 ноябр (сешанбе)

12-00 — Эрон — Қирғизистон

15-00 — ТОҶИКИСТОН — Ӯзбекистон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив