LIVE

Душанбе-мизбони боз як мусобиқаи байналмилалӣ

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи навбатии байналмилалӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Аз 2 то 8 июл дар Варзишгоҳи марказии пойтахт Чемпионати CAFA-2021 байни духтарони то 17-сола доир мегардад. Панҷ дастаи мунтахаб барои унвони пурқувваттарин тими минтақа мубориза мебаранд. Дар чемпионати CAFA-2021 байни духтарони то 17-сола дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат меварзанд. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа бидуни тамошобин сурат мегиранд. Тибқи низомнома дастаи ғолиб аз рӯи шумораи зиёди имтиёзҳои бадастомада муайян карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив