LIVE

Дар Душанбе Ҷоми CAFA миёни мунтахаби бонувони то 18 сола баргузор мешавад

Аз 11-ум то 15-уми марти соли ҷорӣ дар Душанбе чемпионати Ассатсиятсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни тимҳои мунтахаби бонувони то 18 сола баргузор мешавад.
Дар мусобиқа мунтахабҳои футболи бонувони то 18 солаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Қирғизистон иштирок мекунанд. Тими мунтахаби футболи бонувони ҷавони то 18 солаи Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Изатулло Исоқов омода мекунад.
Дар доираи чемпионати CAFA-2022 шаш бозӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мегузаранд.
Тибқи низомнома, чемпионати Ассатсиятсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни тимҳои мунтахаби футболи бонувони ҷавони то 18 сола, аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари соҳибшуда муайян мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив