LIVE

Тоҷикистон аз Афғонистон низ дар Ҷоми CAFA-2021 шикаст хӯрд

Дирӯз, 12-уми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни бонувони то 20-сола идома кард. Тими бонувони ҷавони Тоҷикистон дар бозии дуюми худ аз дастаи Афғонистон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Дар бозии дигар футболбозбонувони Ӯзбекистон хамсолони худ аз Қирғизистонро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати CAFA-2021 миёни бонувони ҷавон (U-20) дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок доранд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив