LIVE

3 голи бонувони Эрон ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон

Дирӯз, 11-уми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни бонувони то 20-сола оғоз гардид. Тими бонувони ҷавони Тоҷикистон дар аввалин бозӣ аз дастаи Эрон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд. Дар бозии дигар футболбозбонувони Ӯзбекистон ба дарвозаи Афғонистон 11 голи беҷавоб заданд.
Бозиҳои даври дуюм имрӯз – 12 июн – доир мешаванд. Соати 18:00 бозӣ миёни дастаҳои Ӯзбекистон – Қирғизистон оғоз мегардад. Соати 21:00 бошад, футболбозони Тоҷикистон ва Афғонистон ба майдон мебароянд.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати CAFA-2021 миёни бонувони ҷавон (U-20) дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок доранд. Дар доираи чемпионат 10 бозӣ доир мегардад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуда, дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив