LIVE

Бонувони футзалбози Эрон-ғолиби CAFA-2022

Мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни бонувон дар Душанбе бо пирӯзии тими миллии занонаи Эрон ба анҷом расид.

Дар даври ниҳоӣ тими Эрон ба дарвозаи тими Тоҷикистон 9 голи беҷавоб зад ва футзалбозони ӯзбек бар тими Қирғизистон (10:0) пирӯзии калон ба даст оварданд.

Бар асоси натоиҷи  CAFA-2022, тими занонаи Эрон бо касби панҷ пирӯзӣ ва танҳо як  мусовӣ  аз 18 имтиёзи имконпазир 16 имтиёз ба даст оварда, медалҳои тилло ба даст овард. Нишони нуқра насиби мунтахаби Ӯзбекистон (13 имтиёз) ва медали биринҷӣ аз они  тими миллии Қирғизистон (4 имтиёз)  шуданд. 

Даври 6-ум

ТОҶИКИСТОН — Эрон — 0:9

Ӯзбекистон — Қирғизистон — 10:0

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив