LIVE

Рангник ба ҷои Роналду ҳамлавари ҷавон мекобад

Сармураббии дастаи “МЮ” Ралф Рангник бар он назар аст, ки Роналду дар мавсими оянда наметавонад дар ҳайати “МЮ” ҳамчун пешвои ҳамлаварон боқӣ бимонад.
Рангник ба қудрати тавоноии форварди португалӣ боварӣ надорад ва ба хулосаи ӯ мавқеъгирии  Роналду дар сархати ҳамлаварони беҳтарин дар мавсими оянда душвортар хоҳад гашт.
Коршиноси олмонӣ тобистони имсол аз вазифаи сармураббигии даста барканор карда мешавад ва дар даста ҳамчун мушовир фаъолият хоҳад кард. Аз ин хотир пешниҳод намудааст, ки бояд ягон ҳамлавари ҷавонтарро ба даста ҷалб намоянд.
Дар мавсими имсола дар доираи рақобатҳои ПЛА Криштиану дар 23 дидор вориди майдон шуда, ба дарвозаи ҳарифон 9 тӯб ворид намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив