LIVE

Рангник барои чӣ Роналдуро иваз кард?

Сармураббии «Манчестер Юнайтед» Ралф Рангник ҳодисаи иваз намудани Криштиану Роналдуро дар бозӣ бо "Брентфорд" (3:1) шарҳ дод.

Португалиягӣ аз ивазкунӣ дар дақиқаи 71-ум изҳори норозигӣ карда, либосашро  ба замин партофта, дар   курсӣ нишаст.

"Ин муқаррарӣ аст, ҳамлагар мехоҳад гол занад. Аммо ӯ пас аз ҷароҳат бозӣ кард ва бояд дар хотир дошт, ки моро боз як вохӯрии дигар дар пеш аст.

Илова бар ин, пас аз он чизе, ки дар вохӯрӣ бо "Астон Вилла" рӯй дод (МЮ ғалабаро аз даст дод ва мусовӣ (2:2)), ин дафъа мо бояд бартариро ҳимоя мекардем”, - гуфт мутахассиси олмонӣ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив