LIVE

Почеттино-довталаби асосӣ ба вазифаи сармурабии "МЮ"

«Манчестер Юнайтед»-и Англия бо сармураббии «ПСЖ» Маурисио Почеттино дар бораи таъини эҳтимолӣ ба вазифаи сармураббӣ гуфтугӯ кард. Мутахассиси аргентинӣ довталаби асосии ин мақом боқӣ мемонад.  

Сармураббии феълии тими англисӣ  Ралф Рангник аст, ки муваққатан то охири мавсими ҷорӣ ин вазифаро бар уҳда дорад. Мутахассиси олмонӣ дар ин мақом Оле Гуннар Сулшерро иваз кард.

Почеттинои 49-сола аз январи соли гузашта ба бошгоҳи фаронсавӣ сарварӣ мекунад. Дар ин муддат ПСЖ 63 бозӣ анҷом дода, барандаи Суперҷоми Фаронса шуд. Шартномаи Почеттино тобистони соли 2023 ба охир мерасад. Хабар дода шуд, ки бисёре аз бозигарони ПСЖ аз кори аргентинӣ изҳори норозигӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив