LIVE

Рангник дар бораи ояндаи Кавани гуфт

Сармураббии «Манчестер Юнайтед» Ралф Рангник дар бораи рафтани Эдинсон Кавани ҳарф зад.  

“Мо бо ӯ тақрибан ним соат сӯҳбат кардем. Вай гуфт, ки дар даста мемонад. Ман метавонам ба ӯ такя кунам. Умедворам, ки вай барои муваффақияти даста тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад ва ҳамчунин барои бозигарони ҷавон намуна мешавад”, - мегӯяд мутахассиси олмонӣ.

Ҳамлагари 34-солаи уругвайӣ дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” 11 бозӣ анҷом дода, ду гол задааст. Шартномаи Кавани бо "Манчестер Юнайтед" то июни соли 2022 амал мекунад.

Қаблан хабар дода мешуд, ки ба  Эдинсон Кавани дастаҳо ба мисли "Барселона", "Севиля" ва  "Коринтианс" мароқ зоҳир намудаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив