LIVE

Мейкайла Мур бо хет-трики худ исмашро дар таърихи футбол навишта кард

Бозингари мунтахаби Зеландияи Нав ба дарвозаи худ хет-трик кард: Ӯ дар ҷараёни рақобат бо сар, пои чап ва пои рост гол зад, аммо ҳамаи голҳо ба тури дарвозаи дастаи худ равона шуд.
Мейкайла Мурро ин бозӣ то охири умраш дар  хотира  боқӣ мемонад. 
Мунтахаби Зеландияи Нав дар мусобиқаи дӯстонаи SheBelieves Cup бо тими ИМА бозӣ кард. Ин хонуми футболбоз дар дақиқаи панҷум ба дарвозаи худ голи аввалинро зад. Пас аз як дақиқа боз як кӯшиши вай ғайри интизор сурат гирифт ва ин навбат низ тӯб баъд аз расидан ба вай воридид дарвоза гардид. Дар дақиқаи 36-уми вохӯрӣ  Мейкайла Мур хост зарбаи рақибро баргардонад ва ин навбат низ хутголи сеюмро ба қайд гирифт. 
Агар шумо фикр мекардед, ки Мейкайла футболбози профсаналӣ нест, пас иштибоҳ мекунед: вай дар бошгоҳи занонаи “Ливерпул” бозӣ мекунад ва ин аллакай бозии 48-уми ӯ бо пероҳани тими миллии занонаи Зеландияи Нав мебошад.  Баъзан вақт иқболи варзиҳӣ омад намекунад ва чунин ҳолатҳо дар корномааи ту рух медиҳанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив