LIVE

Бохти шармандавори футзалбозони ҷавони мо аз Афғонистон

Дар даври сеюми рақобатҳои Ҷоми CAFA тими миллии футзали ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон аз ҳамсолони афғонистонии худ бо ҳисоби 5 бар 1 мағлуб гардид. Ин сеюмин шикасти футзалбозони ҷавони Тоҷикистон дар рақобатҳои Ассатсиятсияи футболи Осиёи марказӣ (CAFA) маҳсуб мешавад. Қаблан мунтахаби футзали то 20 солаи Тоҷикистон аз тимҳои миллии ҷавонони Ӯзбекистон ва Эрон низ мағлуб гардида буданд. Шогирдони мутахассиси эронӣ МУСТАФО АФШОРӢ дар даври навбатии мусобиқа бо мизбони чемпионат Қирғизистон рақобат мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив