LIVE

"Барселона" ҳамватани Ибрагимовичро ба ҳайат ҷалб карданист

Бошгоҳи "Барселона" варианти ҷадиди харидории ҳамлагарро таҳти назар дорад. Агар онҳо Эрлинг Ҳоландро аз "Боруссия"-и Дортмунд харидорӣ карда натавонанд, ба шикори ҳамватани Ибрагимович мебароянд. Ба иттилои Sport.es, ҳамлагари "Реал Сосйедад" Александр Исак як варианти алтернативӣ барои нилунориҳо аст. "Барса" чанд моҳ ба ин бозигар чашм дӯхта, бозиҳои ӯро таҳлилу аз назар гузаронидааст. Худи футболбоз ҳам мехоҳад дар бошгоҳи каталонӣ бозӣ кунад.
Исак аз тобистони соли 2019 дар ҳайати «Реал Сосйедад» баромад мекунад. Шартномаи ӯ бо бошгоҳи "Реал" то тобистони соли 2026 эътибор дорад. Портали Transfermarkt арзиши ин футболбозро 40 миллион евро арзёбӣ кардааст. Ҳамлагари 22-сола дар мавсими имсола дар 19 бозии Ла Лига ба задани 4 гол ва як ассист даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив